Duration 2:17

ҲАМЛАИ ҒОРАТГАРОН БА ДУ ЗАН ДАР ИСФАРА ВА ҒАФУРОВ. ЯКЕ АЗ РОҲЗАНҲО ЗАН БУДААСТ

986 watched
0
14
Published 18 Aug 2023

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Исфара оғоз карда шуд. Номбурда, 4-уми августи соли 2023, тахминан соати 14:30-дақиқа, дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Исфара қарор дошта, бо мақсади ғоратгарӣ, ошкоро бо истифодаи зӯроварӣ аз дасти зани 39-солаи сокини шаҳри мазкур 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми НОТ 8»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3, 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати зани 30-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров оғоз карда шуд. Номбурда, 12-уми августи соли 2023, тахминан соати 01:00, бо мақсади ғоратгарӣ ба хонаи истиқоматии зани 49-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гашта, ошкоро бо истифодаи зӯроварӣ ӯро ба замин афтонида, 1-адад телефони мобилиаш тамғаи «Самсунг А11»-ро тасарруф намудани шудааст. Аммо мақсади ҷинояткоронаи худро ба охир нарасонида аз ҷойи ҳодиса ғайб заданӣ шудааст, ки аз тарафи соҳибхона дастгир гардидааст.

Category People & Blogs

Show more

Comments - 1